Бахши аввали S-400 аз Русия ба Туркия ворид шуд

акс аз бойгонӣ

Вазорати дифои Туркия гуфт, ки бахши аввале аз системаи дифои мушакии навъи S-400-и сохти Русия рӯзи 12 июл ба Анкара расид ва дар рӯзҳои наздик ҳам боз оварда мешавад. Ин созиши Анкара бо Маскав мояи аслии ихтилофҳо миёни Туркия ва Вашингтон буд.

Вазорат дар изҳороташ гуфт, ки системаи S-400 ба пойгоҳи ҳавоии “Мӯртед”, воқеъ дар канораҳои пойтахти Туркия интиқол ёфт. Изҳороти мазкур дафъатан боиси поин рафтани қурби лира – пули миллии Туркия аз нишондоди 5,7 то ба 5,67 доллар шуд.

Баробари пурра расидани тамоми ҷузъҳои системаи дифои мушакӣ, он аз ҷониби сохторҳои дахлдор мавриди истифода қарор мегирад, омадааст дар изҳорот. Хабаргузории расмии РИА Новости ҳам аз қавли мақомоти рус шурӯи интиқоли системаи дифои зиддимушакиро тасдиқ кард.