Халилзод: ИМА аз Афғонистон "бурида фирор намекунад"

Залмай Халилзод, фиристодаи ИМА оид ба сулҳ дар Афғонистон гуфт, ки Амрико, ки бо Толибон дар ҳоли музокираи сулҳ қарор дорад, аз ин кишвари ҷангзада “бурида фирор намекунад”.

Халилзод ин нуктаро дар як изҳороти видеоии қаблан сабтшуда (https://www.youtube.com/watch?v=1h7VWkxFz9o&feature=youtu.be) баён кард, ки дар конфронси донишгоҳи Ҷорҷтауни Вашингтон рӯзи 11 июл намоиш дода шуд. Ин конфронс ду рӯз баъди он баргузор шуд, ки Толибон ва ҳайате ба намояндагӣ аз ҷомеаи Афғонистон ба мувофиқа расиданд, ки дар Қатар дидор карда барои ояндаи сиёсии бидуни хушунати Афғонистон муштаракан як “харитаи роҳ” эҷод мекунанд. Ин иқдом яке аз дастовардҳои ҷиддӣ дар ҷараёни музокироти сулҳ аст, ки баъди 18 соли ҷанг дар Афғонистон ҳосил мешавад. Ӯ гуфт:

“Мо мехоҳем дар ин ҷо аз худ хотироти бисёр мусбате гузорем. Мо бурида фирор намекунем, мо дар фикри созиши беруншавӣ нестем. Мо дар фикри созиши сулҳ ҳастем. Ва мо дар фикри эҷоди равобити дарозмуддати ҳамкорӣ бо Афғонистон ҳастем”.

Халилзод дар давоми наздики як соли гузашта дар Қатар бо Толибон ҳашт даври музокирот барпо кард, ки охиринаш 9 июл ва ба гуфтааш, “бисёр пурсамар” гузашт.

Ӯ гуфт, ки дар ин музокираҳо дар чаҳор бахши калидӣ муваффақият ба даст омадааст. Инҳо – берун кашидани нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, оташбаси доимӣ, замонати Толибон дар робита ба ин ки Афғонистон ҳамчун пойгоҳи ҳамла ба кишварҳои дигар истифода намешавад ва муколамаи миёни гурӯҳҳои афғонӣ ба хотири расидан ба мувофиқаҳои сиёсӣ мебошанд.

Ин дар ҳолест, ки то ҳол Толибон аз барпо кардани музокираҳои мустақим бо ҳукумати Афғонистон худдорӣ кардаанд ва Халилзод ҳам зҳори умедворӣ кард, ки ин ҷараён “дар ояндаи наздик” шурӯъ мешавад.

Халилзод гуфт, ки рӯзи 9 июл ба Чин меравад ва баъди он ба Вашингтон бар хоҳад гашт.