Дар Қирғизистон мехоҳанд, як қисми даромади будҷаи шаҳри Бишкекро аз ҷаримаҳои тарҳи "Шаҳри бехатар" ба беҳсозии низоми ёрии таъҷилии тиббӣ равона созанд.
Ба огаҳии ҳукумати Қирғизистон, сарвазир Муҳаммадқулӣ Абилғозиев ба тартиби ташкил ва истифодаи пули ҷаримаи садамаҳои нақлиётӣ дар ин кишвар тағйиру иловаҳо ворид кард.
Ҳукумати Қирғизистон қарор кардааст, ки 50%-и пули ҷаримаҳоро ба ҳисоби Бунёди бимаи ҳатмии тиббӣ барои харидории мошинҳои "ёрии таъҷилӣ", дастгоҳҳои зарурӣ ва ифтитоҳи истгоҳҳои нави "ёрии таъҷилӣ" гузаронанд. Сухан аз чӣ қадар маблағ меравад, маълум нест.
Сардори Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Бишкек Егор Борисов гуфт, дар ҳоли ҳозир пойтахти ин кишвар ба 12 мошини "ёрии таъҷилӣ" сахт ниёз дорад. Шаҳрдории Бишкек аллакай барои харидории шаш мошини "ёрии таъҷилӣ" тендер эълом кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, мошини аз ҳама одии "ёрии таъҷилӣ" 2 миллион сом ($28,6 ҳазор) арзиш дорад.
Дар Раёсати пулиси Бишкек пештар гуфта буданд, ки тарҳи "Шаҳри бехатар"-и пойтахти Қирғизистон дар як моҳ ба маблағи 18 млн сом (ҳудуди $260 ҳазор) ҷарима сабт кардааст.