Дар Узбекистон ҳуҷҷатҳои довталабонро қабул намекунанд

Дар Узбекистон 8 июл ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо мушкили ҷиддӣ пеш омад. Дар аксҳое, ки шоҳидон аз Тошканд, Ҷизах, Андиҷон ва Фарғона фиристоданд, дида мешавад, сокинон барои супоридани ҳуҷҷатҳо зери офтоби сӯзон навбат истодаанд.

Яке аз видеоҳо навбатпоии тӯлонии волидони довталабонро дар назди комиссияи қабули Донишкадаи омӯзгории Ҷизах нишон медиҳад.

"Чаҳор довталаб дар натиҷаи навбатпоии тӯлонӣ аз ҳуш рафтанд. Инҷо бетартибиҳо дида мешавад ва касе касеро эҳтиром намекунад. Омӯзгоре бо насаби Ахчаев довталабонро пеш мекунад",-гуфт як довталаб.

Яке аз омӯзгорони донишкада гуфт, мушкили мазкур ба далели аз кор мондани барномаи компютерии Маркази тестии Узбекистон пеш омадааст. Дар Андиҷону Фарғона низ чунин мушкил мушоҳида шудааст.

Вале масъулони марказ ин иддаоро комилан рад карданд. Яке аз кормандони Маркази тестии Узбекистон гуфт, раванди қабули ҳуҷҷатҳо ба кундӣ пеш меравад, зеро бештари довталабон аз тағйироти нав дар қоидаҳои пешниҳоди аснод огаҳ нестанд.