Президенти пешини Қирғизистон барои бозпурсӣ ҳозир нашуд

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев имрӯз барои бозпурсӣ ба бинои Вазорати умури дохилии ин кишвар ҳозир нашуд. Вакили дифои Отамбоев -- Сергей Слесарев изҳор дошт, ки шахси зери ҳимояаш ин бозпурсиро ғайриқонунӣ медонад.

Ба гуфтаи ӯ, маҳрум кардани Отамбоев аз унвони президенти пешини Қирғизистон ғайриқонунӣ буд, зеро ӯ онро дар асоси қонуни ин кишвар аз соли 2003 соҳиб шуда буд. Слесарев афзуд, ки порлумони Қирғизистон қарори худ дар ин заминаро бар хилофи Конститутсия содир кардааст.

Чанде пеш Карима Амонқулова, намояндаи хадамоти матбуоти ВКД гуфт, президенти пешин ба ҳайси шоҳид ба бозпурсӣ даъват шудааст.

Кормандони пулис даъватнома ба бозпурсиро ба манзили Отамбоев дар деҳаи Кой-Тош расонидаанд. Дар даъватнома нишон дода шуда буд, ки бозпурсӣ субҳи рӯзи 9 июл доир мешавад.

Отамбоев дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфта буд, ки тасмим надорад, дар бозпурсӣ ширкат кунад, зеро ба мақомот эътимод надорад. Вай гуфт, ба суолҳо вакили мудофеаш Сергей Слесарев посух медиҳад.

Порлумони Қирғизистон 27 июн дахлнопазирии Алмосбек Отамбоевро бекор кард.