Қирғизистон дар давоми 5 сол шумори афроди бешаҳрвандиро дар ин кишвар аз 13 ҳазор то ба сифр расонд. Дар ин бора хабаргузории СММ бо истинод ба Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури паноҳандагон (UNHCR) иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, 4 июл зимни як чорабинӣ дар шаҳри Бишкек ба 50 нафар, аз ҷумла 15 кӯдак шаҳодатномаи таваллуд, шиноснома тақдим ва шаҳрванди Қирғизистон эътироф шуданд. "Дар ин кишвар дигар афроди бешаҳрвандӣ боқӣ намонд",-афзудааст СММ,
"Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ садҳо ҳазор одам дар Осиёи Марказӣ бе шаҳрвандӣ монданд. Мақомоти Қирғизистон соли 2014 дар доираи барномаи UNHCR дар ин кишвар 13 ҳазору 700 нафар, аз ҷумла 2000 кӯдаки бешаҳрвандиро ба қайд гирифтанд",-омадааст дар иттилоия.
Дар саросари ҷаҳон ҳудуди 10 миллион одам шаҳрвандии ягон кишварро надоранд. Онҳо аз ҳаққи равуои озод маҳрум буда, дар бештари вақт мавриди табъиз қарор мегиранд.