Амрико як гурӯҳ дар Покистонро созмони террористӣ эълон кард

Ин аъзои гурӯҳ соли 2015 силоҳҳояшонро ба замин гузоштанд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи ҷудоиталаби Артиши Озодихоҳи Балучистон дар Покистонро созмони террористӣ эълон кард. Ба гуфтаи Вашингтон ҳадаф аз ин кор маҳрум кардани ин созмон аз пулу имконот аст, то натавонад, ҳамлаҳо тарҳрезӣ кунад.

Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 2-уми июл эълон кард, ки Артиши Озодихоҳи Балучистон, “як гурӯҳи мусаллаҳи ҷудоиталаб аст, ки нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиёнро бахусус дар манотиқи балучнишин ҳадаф мегирад.” Ин минтақа дар ҷанубуғарби Покистон аст.

Вазорат гуфтааст, ки ҳамлаи моҳи августи соли 2018 ба муҳандисони чинӣ дар Балучистон, ҳамлаи моҳи ноябри соли 2018 ба консулгарии Чин дар Карочи, ҳамлаи моҳи майи соли 2019 ба як меҳмонхонаи мӯҳташам дар шаҳри Гвадар кори дасти Артиши Озодихоҳи Балучистон будааст. Дар ин вилояти Покистон гоҳ-гоҳ ҷудоиталабон бо талаби мухторияти бештар ва гирифтани саҳми зиёдтар аз захираҳои табиӣ ҳамлаҳо анҷом медиҳанд.