Зиёни сокинони Ариси Қазоқистонро $11,7 миллион баҳо доданд

Мақомоти Қазоқистон тасмим доранд, ба ҳар кадом сокини шаҳри Ариси он кишвар бештар аз 250 долларӣ ҷуброн пардохт кунанд. Дар маҷмуъ барои пардохти ҷуброни сокинон 11,7 миллион доллар харҷ хоҳад шуд.

Дар ин бора муовини ҳокими вилояти Туркистони Қазоқистон Жолдимурод Амонбоев хабар дод. Мақомот ин маблағро аз буҷаи вилояту ҷумҳурӣ, инчунин фонди кумакҳо ба сокинони Арис рӯёниданӣ ҳастанд. "Дар ҳоли ҳозир ба ин фонд бештар аз 3 миллион доллар ворид шудааст",-гуфт Амонбоев.

"Ҳамаи маблағҳои бунёд ба сокинони шаҳр дода мешавад. Маблағе ки барои кӯдакон ҷудо хоҳад шуд, ба волидони онҳо дода мешавад",-афзуд вай.

Дар натиҷаи таркиши анбори муҳимоти ҷангӣ рӯзи 24 июн дар шаҳри Арис як сокини маҳаллӣ ва ду низомӣ куштаву даҳҳо ҳазор сокин ба ҷои бехавф кӯчонида шуданд. 85 дарсади манзилҳои истиқоматии шаҳри Арис зиён диданд.