Расонаҳои расмии Сурия хабар доданд, ки нирӯҳои ҳавоии Исроил субҳи 1 июл мавзеъҳои артиши ин кишварро дар наздикии шаҳри Димишқ ва вилояти Ҳумс ҳадафи мушак қарор доданд.
Хабаргузории расмии SANA-и Сурия бо истинод ба як манбаи худ дар мақомоти низомии ин кишвар иттилоъ дод, ки мушакҳоро ҳавопаймоҳои Исроил аз ҳарими ҳавоии Лубнон партоб карданд.
Манбаъ дертар хабар дод, ки дар натиҷаи партоби мушакҳо дар наздикии Димишқ 4 сокини осоишта ҷон бохта, 21 тани дигар захмӣ шуданд. Намояндагони низомии Исроил субҳи 1 июл аз шарҳи хабари расонаҳои Сурия дар робита ба партоби мушакҳо худдорӣ карданд.