Дар натиҷаи таркиши анбори аслиҳаи як қисми низомӣ дар шаҳри Ариси Қазоқистон, ки 24 июн рух дод, 85 дарсади манзилҳои зисти сокинон осеб дидааст.
Дар ин бора Нургалӣ Жунусов, сардори Департаменти ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Туркистон, ки шаҳри Арис дар он ҷойгир аст, 28 июн хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, 24 июн дар шаҳри Арис 63 сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки 26 тоашон дар хонаҳои сокинон ба амал омадаанд.
Мақомоти Қазоқистон субҳи 28 июн ба сокинон Арис, ки дар натиҷаи таркиш ба шаҳри Чимкент интиқол дода шуда буданд, иҷозат доданд, ба хонаҳои худ баргарданд.
Ҳукумати вилояти Туркистон субҳи 28 июн изҳороти вазири ҳифзи муҳити зисти Қазоқистонро нашр кард, ки гуфтааст, то имрӯз дар шаҳри Арис радиатсия мушоҳида нашудааст. "Ҳаво тоза ва обҳо олуда нашудаанд. Вазорати ҳифзи муҳити зисти Қазоқистон амнияти экологии сокинони Арисро тасдҳиқ мекунад", - афзудааст вазир.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Қазоқистон, таркиши нахустин дар анбори аслиҳаи Арис соати 09:15 дақиқаи субҳи 24 июн рух дод. Мақомот худи он рӯз дар шаҳр ҳолати изтирорӣ эълом ва интиқоли 43 ҳазор сокини шаҳрро ба ҷои амн, аз ҷумла ба шаҳри Чимкент оғоз карданд. То ҳол 42 ҳазор одам ба ҷои бехавф кӯчонида шуданд.
Дар натиҷаи таркиш ва сӯхтори анбор се нафар - ду низомӣ ва як сокини осоишта ҷон бохтанд. Мақомоти қазоқ мегӯянд, низомии дувуми ҳалокшуда 32 сол дошта, корманди шартномавии Вазорати дифои Қаозиқистон ва сокини шаҳри Чимкент аст. Ҳамчунин 165 каси дигар барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардаанд.