ВКД-и Қазоқистон: "Дар Арис касе беномунишон нашудааст"

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, хабарҳо дар бораи бенишон шудани 350 кас дар натиҷаи таркиши анбори аслиҳа дар шаҳри Ариси вилояти Туркистон ҳақиқат надоранд.

"Ин хабар дар рӯзи якуми ҳодиса буд. Вале роҷеъ ба он раддия нашр карданд. Ҳамаи сокинони шаҳр ба ҷои бехавф кӯчонида ва шахсияташон муайян карда шудааст. Касе беному нишон нагаштааст",-омадааст дар иттилоияи вазорат.

Ин ниҳод аз сокинони Қазоқистон даъват карда, ки ба ҳангомаҳо дода нашаванд ва ба хабарҳои носанҷида низ бовар накунанд. "Ситоди фаврӣ дар робита ба ҳодиса пайваста хабари расмиро нашр хоҳад кард",-афзудааст хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон.

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки дар натиҷаи таркиши анбори аслиҳа дар шаҳри Арис беш аз 350 сокини маҳаллӣ беному нишон шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Қазоқистон, таркиши нахустин дар анбори аслиҳаи Арис соати 09:15 дақиқаи субҳи 24 июн рух дод. Мақомот худи он рӯз дар шаҳр ҳолати изтирорӣ эълом ва интиқоли 43 ҳазор сокини шаҳрро ба ҷои амн, аз ҷумла ба шаҳри Чимкент оғоз карданд. То ҳол 42 ҳазор одам ба ҷои бехавф кӯчонида шуданд.

Дар натиҷаи таркиш ва сӯхтори анбор се нафар - ду низомӣ ва як сокини осоишта ҷон бохтанд. Мақомоти қазоқ мегӯянд, низомии дувуми ҳалокшуда 32 сол дошта, корманди шартномавии Вазорати дифои Қаозиқистон ва сокини шаҳри Чимкент аст. Ҳамчунин 165 каси дигар барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардаанд.

Мақомоти қазоқ гуфтанд, хатари таркиши лавозимоти ҷангӣ ҳанӯз ҳам мавҷуд аст. Ба иттилои Вазорати дифои Қазоқистон, минтақаи аҳолинишини Арис аз анбори аслиҳа дар фосилаи 200 метр ҷойгир аст.