Дар дорухонаҳои Ишқобод дар ивази доруҳои камёфт гиёҳ пешниҳод мекунанд

Доруҳои камёфтро дар Туркманистон бо доруҳои истеҳсоли маҳаллӣ иваз кардаанд, ки он ҳам ба иттилои сокинон, дар ҳоли ҳозир пайдо намешавад.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар шаҳри Ишқобод гуфт, дорухонаҳои пойтахти Туркманистон дар ивази доруҳои камёфт ба муштариҳо гиёҳҳои шифобахш пешниҳод мекунанд.

"Дар дорухонаҳо гиёҳҳое амсоли бобунаву пупаки ҷуворимаккаву даҳҳо навъи дигарро пешниҳод мекунанд",-гуфт хабарнигори Радиои Озодӣ. Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир бештари доруҳои зарурӣ барои бемориҳои занона, доруҳои оромкунанда, хобовар камёфт шудааст.

Пештар аз ин вазорати тандурустии Туркманистон ба сокинон тавсия дода буд, ки чойро ба сифати дору истеъмол кунанд. Вазорат ҳамчунин ба сокинон машварат дода буд, аз гиёҳҳое истифода кунанд, ки дар китоби президенти он кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов "Гиёҳҳои шифобахши Туркманистон" шарҳ дода шудаанд.