Отамбоев айбҳои эъломшударо дурӯғу ҳазёни комил номид

Намояндагони президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев изҳороти ӯро дар робита ба ҳаводиси охир нашр карданд. Дар изҳорот омадааст, ки барои дастёбӣ "ба ин аҳдоф" ҳамаи неруи мақомоти давлатӣ фаро хонда, "ифлостарин сиёсатмадорон бо гузаштаи фасодолуди худ ва истифодаи шеваҳои бадахлоқонаи иттилоотӣ" дар маърака ҳамроҳ шудаанд.

"Пештар аз ин ман гуфтам, ки дар ин намоишнома ширкат намекунам. Аз масъулият намеҳаросам. Аммо дар оинаи таърих ҳақ надорам, ки беқонунии аз сӯи Ҷеенбеков роҳандозишударо қонунӣ гардонам. Ҳаргиз фикр намекардам, ки парвандаҳои ҷиноӣ дар асоси овозаву хаёлпардозиҳои ифлос сохта мешаванд. Ва болои ин додситонии кул ҳамаи ин ҳазёнро дар як рӯз қонунӣ мегардонад. Сониян, касе маро ба порлумон даъват накардааст. Аз ҳақиқат метарсанд. Ҳамаи аъмоли ифлоси худро ин одамон одат кардаанд, ки пинҳонӣ, бо тарс ва ноҷавонмардона анҷом диҳанд. Ба ҳамин тартиб, бо ноҷавонмардӣ ва тарсуӣ Кубан Қулматов (раиси пешини Хадамоти гумрук) ва Сафар Исҳоқов (сарвазири пешин)-ро ҳабс карданд",-гуфт Отамбоев.

"Возеҳ аст, ки шоҳидии Артикбоев ва Атаханов (мансабдорони пешин) зери фишор ҳосил шудааст. Ин ҳамкорӣ бо тафтишот нест, балки доду ситад бо виҷдони худ аст, ки зоҳиран бевиҷдониро ба намоиш мегузорад. Фурсат фаро расад, парвандаи Батукаевро умед дорам, мардонавор шарҳ медиҳанд. Шарҳ медиҳанд, ки ин тақаллубкориро кӣ ташкил кард, кӣ ӯро бемории табобатнашаванда баровард ва кӣ барои ин кор чи қадар пул гирифт. Ман ҳамчунин умед дорам, ки дар робита ба ин вазъ президенти Русия Владимир Путин ҳам изҳори назар мекунад. Ман борҳо аз вай дархости истирдоди Батукаевро кардаам. Имрӯз ин далелҳо аз сӯи мақомоти Қирғизистон нодида гирифта мешаванд",-омадааст дар изҳороти Отамбоев.

Додситонии кулли Қирғизистон 25 июн аз рӯи айбномаи порлумон нисбати президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев хулосабарорӣ кард. Додситонӣ аз шаш айби эъломкардаи порлумон 5-тои онро асоснок унвон кард.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 20 июн хулосаи комисияи вакилонро дар мавриди эъломи айб нисбати президенти пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев ҷонибдорӣ кард. 100 вакили порлумон раъйи мусбат ва танҳо 5 тан раъйи манфӣ доданд.

Ҳоло қарор аст, хулосаи комиссияи мазкур дар ҷаласаи умумии порлумони Қирғизистон рӯзи чоршанбе ё панҷшанбе баррасӣ шавад.

Комиссияи порлумонии Қирғизистон дар аввал зидди Отамбоев бар асоси 9 банд айб эълом кард, вале сипас се тои онҳоро барои рабт надоштанашон ба давраи президентии ӯ бекор карданд.

Президенти пешини Қирғизистон дар фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев, ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек айбдор карда мешавад.