Додситони пешини Узбекистон аз ҳамаи унвонҳои давлатиаш маҳрум шуд

Абдулло Орипов, сарвазири Узбекистон дар ҷаласаи рӯзи 20-уми июни Додситонии кулли он кишвар Отабек Муродови ҳабсшуда, додситони кулли пешини Узбекистонро аз ҳамаи унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ маҳрум кард. Отабек Муродови 44-сола дар "сӯистифода аз мақом", "порагирӣ" ва "порадиҳӣ" айбдор мешавад. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ахиран дар як ҷаласа хабар дод, ки нисбати Отабек Муродов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

"Инро чи хел фаҳмем? Ба маҳзи он, ки мансаб мегиранд, тағйир меёбанд. Аз додситонҳои вилоятӣ то 100-150 ҳазор доллар пора талаб мекунанд. Ҳамаи кормандони додситонӣ ва андоз порахӯранд. Ман дар ин бора огоҳӣ дорам. Ман ба Муродов эътимод доштам",-гуфт Мирзиёев.

Президент афзуд, ҳамаи роҳбароне, ки нисбаташон парванда боз шудааст, муҷозот хоҳанд шуд.

"Ман чи гуна сармоя ҷалб мекунам, дар ҳоле, ки дар додситонӣ фасодкорӣ мавҷуд аст? Сармоягузор дар бораи вазъи кишвар аз вакили порлумону узви ҳукумат не, аз соҳибкор мепурсад. Соҳибкор чӣ посух медиҳад? Посух медиҳад, ки ҳам додситонӣ, ҳам вазир порахӯранд. Ҳамаи роҳбарони пешин муҷозот мешаванд",-гуфт Мирзиёев.