Мексика ба марзи ИМА 15 ҳазор сарбоз мефиристад

Ҳукумати Мексика эълом кард, ки дар марз бо ИМА 15 ҳазор сарбозро ҷойгир хоҳад кард. Ҳадаф пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Амрико гуфта мешавад.

Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки ИМА гуфт, агар Мексика пеши роҳи мавҷи муҳоҷирони ғайриқонуниро нагирад, ба молҳои воридотии он кишвар боҷи иловагӣ ҷорӣ хоҳад кард. Мексика ҳамчунин аз СММ ва Вашингтон дар ҳалли мушкили мазкур кумак хост.

Пештар Мексика хабар дода буд, ки дар марз бо Гватемала ва Белиз - маҳалли асосии убури муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Амрикои Марказӣ ба ИМА 2000 низомиро ҷойгир кардааст. Вазири дифои Мексика Луис Сандовал гуфт, қонунгузории онҳо барои будубоши ғайриқонунии муҳоҷирон дар ин кишвар ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ кардааст ва ҳамаи боздоштшудаҳо танҳо ҷарима карда мешаванд.

Трамп моҳи май ба Мексика шарт гузошт, ки агар пеши роҳи муҳоҷирони ғайриқонуниро нагирад, ба молҳои воридотӣ аз он кишвар 5 дарсад боҷи гумрукӣ ҷорӣ хоҳад кард.