Талаби барканориҳо ва интихоботи зудҳангом. Эътирозҳо дар Гурҷистон

Эътирозгарони зидди Русия дар Гурҷистон, ки барканории чанд мақоми баландпоя ва баргузории интихоботи зудҳангоми порлумониро тақозо доранд, рӯзи севум дар шаҳри Тбилиси (Тифлис) даст ба тазоҳурот заданд. Онҳо гуфтанд, тазоҳурот сулҳомез хоҳад буд. Бархӯрдҳои хушунатбор бо пулис дар ду рӯзи гузашта сабаб шуд, ки садҳо тан захмӣ ва дастгир шаванд.

Ираклий Кобахидзе, раиси порлумони Гурҷистон, рӯзи 21-уми июн аз мақомаш канор рафт. Бо истеъфои ӯ, як талаби эътирозгарон иҷро шуд.

Пеш аз рафтани Кобахидзе садҳо нафар ва асосан ҷавонон дар атрофи бинои порлумон даст ба тазоҳурот заданд.

Муътаризон ҳамчунон мехоҳанд, вазири корҳои дохилии Гурҷистон истеъфо диҳад ва нерӯҳои ҳифзи ҳуқуқ ба хотири он чи ки бархӯрди хушунатомез бо эътирозгарон хонда мешавад, ҷазо гиранд.

Баргузории интихоботи порлумонии зудҳангом ва раҳоии эътирозгарон, ки дар рӯзи аввали тазоҳурот боздошт шудаанд, аз хостҳои дигари эътирозгарон аст.

Тазоҳурот дар Гурҷистон дар эътироз ба нишастани Сергей Гаврилов, муовини раиси порлумони Русия дар ҷойи раиси порлумони Гурҷистон рӯзи панҷшанбе оғоз шуд.

Як ҳайати порлумони Русия барои иштирок дар нишасти Маҷмаи байнипорлумонии ортодокс ба Тбилиси рафта буд.

Беш аз як даҳа мешавад, ки равобити миёни Русия ва Гурҷистон пуртаниш аст. Нерӯҳои Рӯсия дар моҳи августи соли 2008 вориди Гурҷистон шуда, дар як ҷанги кӯтоҳ чанд шаҳри ин кишварро муваққатан ишғол карданд. Маскав дар ин ҷанг аз ҷудоиталабон дар минтақаҳои Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон пуштибонӣ кард.