Порлумони Қирғизистон хулосаи комисияи махсуси вакилонро дар мавриди эъломи айб нисбати президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев ва бекорсозии дахлнопазирии ӯро баррасӣ мекунад.
Канибек Имоналиев, раиси комисия, узви ҷиноҳи "Ота Макон" гуфт, ҷараёни бекорсозии дахлнопазирии Отамбоев ду ҳафта вақт мегирад.
"Барои баровардани либоси кайҳоннавард баъди баргашташ аз кайҳон, ки вай 10 сол омодагӣ дида буд, ҳамагӣ як дақиқа вақт кофист. Барои баровардани либоси кайҳоннаварди сиёсӣ мо ба ду ҳафта вақт ниёз дорем. Агар мо ду моҳ болои ин масъала кор мекардем, чи мешуд? Ҳамин сиёсатмадорон моро муттаҳам мекарданд, ки аз Отамбоев пуштибонӣ мекунем", - гуфт Имоналиев.
Вай афзуд, комисияи депутатӣ наметавонад, зидди президенти пешин айб эълом кунад, ин комиссия танҳо ба маводе баҳо медиҳад, ки барои бекорсозии дахлнопазирии вай омода шудааст.
Рӯзи 18-уми июн ду кумитаи порлумони Қирғизистон дар умури тартибот, мубориза бо ҷинояткориву коррупсия, қонунгузории конститутсионӣ ва масоили судӣ-ҳуқуқӣ хулосаи комиссияи вакилонро барои бекор кардани дахлнопазирии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев ҷонибдорӣ карданд.
Ҳоло қарор аст, хулосаи комиссияи мазкур дар ҷаласаи умумии порлумони Қирғизистон баррасӣ шавад.
Комиссияи порлумонии Қирғизистон дар аввал зидди Отамбоев бар асоси 9 банд айб эълом кард, вале сипас се тои онҳоро барои рабт надоштанашон ба давраи президентии ӯ бекор карданд.
Президенти пешини Қирғизистон дар фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев, ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек айбдор карда мешавад.
Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон гуфт, ҳангоми ташкили комиссияи порлумонӣ барои бекор кардани дахлнопазирии Отамбоев Конститутсияи ин кишвар нақз карда шудааст. Ҳизб мегӯяд, Алмосбек Отамбоев мақоми президенти пешинро 24-уми ноябри соли 2017 дарёфт кард ва қонуне, ки ба ҷавобгарӣ кашидани раҳбарони пешини ин кишварро пешбинӣ мекунад, 4-уми апрели соли равон қабул шудааст.
Ба гуфтаи масъулони ҳизб, қарори порлумони Қирғизистон барои ташкили комиссияи мазкур низ қуваи ҳуқуқӣ надорад, зеро он ба феҳристи давлатии меъёрҳои ҳуқуқӣ шомил карда нашудааст.