Тоҷикистон: Сохтори ҷудогонаи мубориза бо маводи мухаддир дар назди СҲШ таъсис шавад. ВИДЕО

Соли 2018. Маводи нашъаи мусодирашуда аз гардиши ғайриқонунӣ

Президенти Тоҷикистон ба таъсиси сохтори ҷудогонаи мубориза бо қоҷоқи маводи мухаддир дар зери назари Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ ) даъват кард, ки метавонад дар муқобилаи дастаҷамъонаи кишварҳои узв бо хатарҳои қочоқи маводи мухаддир мусоидат кунад. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии рӯзи 14 июнаш дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ гуфт, ки маводи мухаддир “яке аз манбаъҳои маблағгузории терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ мебошад”.

Дар конфронси “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил”, ки моҳи май дар Душанбе баргузор шуд, гуфта шуд, ки садҳо миллион доллар маблағҳо аз ҳисоби фурӯши маводи мухаддир барои маблағгузории терроризм равона мешавад. Як мақоми Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири назди ҳукумати Тоҷикистон, ки 20 сол пеш бо пуштибонии СММ таъсис шуд, ба РИА Новости гуфт, ки дар фосилаи солҳои 1999 то 2018 дар маҷмӯъ сохторҳои қудратии Тоҷикистон 111 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла беш за 33 тонна ҳероинро боздошт ва мусодира кардаанд. Ба қавли коршиносони соҳа, даромад аз фурӯши ин маводи мамнӯъ дар бозори сиёҳ хеле ҳангуфт аст ва аз ин хотир, гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва муташаккил дар Афғонистон ва берун аз он маводи мухаддирро ба унвони як василаи муҳими дарёфти даромад барои фаъолиятҳои ғайриқонунии худ интихоб кардаанд. Гоҳо дар пешрафти ин тиҷорати сиёҳ афроди масъул дар сохторҳои ҳукуматӣ ҳам ҷалб мешаванд.

Мутахассисон мегӯянд, ки қочоқи ҳаҷман калони маводи мухаддир ба бозорҳои хориҷаи дур бидуни дасти мақомдорони олуда ба фасод имкон надорад, ва аз ин хотри, ба қавли Ашита Митал, намояндаи дафтари СММ дар умури мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тошканд, барои мубориза бо манбаи пайдоиши сармояи терроризм иродаи сиёсӣ лозим аст. Ӯ дар конфронси Душанбе моҳи май гуфта буд, ки то замоне ки терроризм “ғизо” дорад ва ин “ғизо” – даромад аз ҷиноятҳои фаромиллии сердаромади мисли қочоқи инсону қочоқи маводи мухаддир аст, мубориза бо он сахту сангин мешавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои раҳбарони СҲШ