Нисфи вакилон аз лағви дахлнопазирии Отамбоев ҷонибдорӣ карданд

Шаст тан аз вакилони порлумони Қирғизистон ба ҷонибдорӣ аз бекор кардани дахлнопазирии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев раъй доданд. Канатбек Исоев, ташаббускори ҷамъоварии имзои вакилон гуфт, ҳамакнун комисияи махсусе бояд ин масъаларо омӯзад ва ба баррасии порлумон пешниҳод кунад.

"Комисия месанҷад, ки оё айбномаи мо ҳақиқат дорад ё на. Агар гуфтаҳои мо ҳақиқат дошта бошанд, комисия масъаларо дар баррасии порлумон мегузорад. Порлумон онро ба додситонӣ ирсол мекунад. Дар сурати ҳақиқат доштани айбномаи мо, додстонӣ аз порлумон дархост мекунад, ки дахлнопазирии президенти пешин бекор шавад. Агар аз ин ташаббус аз се ду ҳиссаи вакилон - 80 вакил - ҷонибдорӣ кунад, пас Отамбоев аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум мешавад",-гуфт Исоев.

Отамбоев аз соли 2011 то 2017 президенти Қирғизистон буд. Ӯ рӯзи 8-уми июн дар як гирдиҳамоӣ ширкат ва дар суханрониаш ҳукумати феълиро танқид кард. Дар ҷаласаи рӯзи 12-уми июн бархе аз вакилони порлумон дар посух давраи роҳбарии Отамбоевро танқид карданд.