Соро Натаняҳу, ҳамсари сарвазири Исроил Бинямин Натаняҳу наздики 14 ҳазор евроеро ба давлат бармегардонад, ки харҷи ғизоҳои гарон кардааст. Додситонии кулли Исроил бо Натаняҳу дар ин бора 12 июн созиш ҳосил карданд. Ин созишро бояд додгоҳ тасдиқ кунад.
Дар айбномаи додгоҳ омадааст, ки Соро Натаняҳу дар солҳои 2010 то 2013 дар маҷмуъ дар ҳаҷми 43 ҳазор евро аз тарабхонаҳо ғизои гаронарзиш фармоиш додааст. Дар ҳоле, ки дар қароргоҳи сарвазир ошпаз фаъолият мекунад. Маоши ошпаз аз буҷаи давлат пардохт мешавад.
Додситонҳо мегӯянд, ҳамсари сарвазир аз ноогоҳии кормандони дастгоҳи сарвазир сӯистифода кардааст. Аммо Соро Натаняҳу мегӯяд, ғизоҳоро на вай, балки шахси дигар супориш додааст.