ИМА қарори Эронро дар заминаи аз зиндон озод кардани як шаҳрванди Лубнон истиқбол кард ва изҳори умедворӣ кард, ки чунин тасмим дар нисбати амрикоиҳои дигар ҳам гирифта мешавад. Ин мард бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Вашингтон ба зиндон маҳкум шуда буд. Департаменти давлатии ИМА рӯзи 11 июн гуфт, ки Вашингтон аз хабари озод шудани Низор Закка хушҳол шуд ва аз нақши Лубнон дар талошҳояш барои “хатми ҳабси ғайриқонунӣ” систоиш намуд. “Умедвор ҳастем, ки барои амрикоиҳои дигари боздоштшуда дар Эрон хабари озод шудани ҷаноби Закка як аломати мусбат хоҳад буд”.
Мақомоти ИМА талаб карда буданд, ки чандин шаҳрвандони дугонаи эрониву амрикоӣ, ки бо иттиҳомоти гуногун дар Эрон пушти панҷара қарор доранд, озод шаванд. Теҳрон гуфтааст, ки шаҳрвандии дугонаро эътироф намекунад.
Закка баъди озод шуданаш аз зиндони Эрон рӯзи 11 июн ба Бейрут парвоз кард. Ӯ як сокини Вашингтон ва дорандаи корти сабзи ИМА буда, раҳбари як ширкати фанновариҳои компютерии арабӣ буд, ки барои рушди интернет дар Ховари Миёна кор мекард. Соли 2016 ин марди 52-сола дар ҷосусӣ гунаҳгор ва ба 10 соли зиндон ва пардохти 4,2 миллион доллар ҷарима маҳкум шуд. Худи Закка ин иттиҳомотро рад кардааст.