Се муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон нав шуд

Маҷлиси рӯзи 10-уми майи соли 2019

Абдусалом Раҳимзода, Нарзулло Маликзода ва Каъбатулло Меликзода муовинони нави раиси Кумитаи андози Тоҷикистон таъйин шуданд. Дар ин бора рӯзи 11-уми июн қарори ҳукумати Тоҷикистон содир шуд.

Дар бораи Абдусалом Раҳимзода ва Каъбатулло Меликзода иттилои кофӣ дар даст нест. Вале Нарзулло Маликзода қаблан дар мақоми сардори Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андоз кор кардааст.

Ин таъйинот баъди як моҳи мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони бахшҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар сурат гирифт.

Дар ин ҷаласа мақомот барои роҳ додан ба камбудҳо “гап” шуниданд ва танҳо пас аз чаҳор рӯзи он ду муовини раиси Кумитаи андоз Пӯлодҷон Юсуфӣ ва Лола Сафарзода аз вазифаи муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон барканор шуданд.

Рӯзи 11-уми июн дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам чанд тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба фармони президенти Тоҷикистон Аҳтам Акрамов додраси Додгоҳи олӣ ба сабаби бемории тӯлонӣ ва иҷро карда натавонистани вазифаи худ бозхонд шудааст.

Ҳамчунин раисиҷумҳур пешниҳод кардааст, Шавкат Лутфуллозода муовини аввали раис ва Хусрав Давлатзода, Маҳмад Раҳмонзода ва Рухшона Ҳаким додрасҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон шаванд.