Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ҳафтаи оянда ба Душанбе сафар мекунад. Расонаҳои Эрон навиштаанд, ки ӯ бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти 5-уми сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё ба Тоҷикистон меравад.
Нишаст рӯзҳои 14-15-уми июн сурат мегирад ва қарор аст, дар он раҳбарони даҳҳо кишвари Осиё ширкат кунанд. Сафари Ҳасан Рӯҳонӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистону Эрон ҳамкориҳои хубе надоранд. Душанбе, ки як замон аз шарикони наздики Теҳрон ба ҳисоб мерафт, дар чанд соли ахир Ҷумҳурии исломиро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кардааст.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё мумкин аст, раҳбарони Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Эрон, Исроил, Қазоқистон, Камбоҷа, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Россия, Тайиланд, Туркия ва Ӯзбекистон ширкат кунанд.
Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё анҷумани байналмилалӣ аст, ки дар он умдатан масоили амниятӣ дар Осиё баррасӣ мешавад. Тирамоҳи соли 2018 раёсат дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз Чин ба Тоҷикистон гузашт.