Конгресси 69-уми ФИФА (Федератсиюни байналмилалии футбол), ки рӯзи 5-уми июн дар Порис баргузор шуд, Ҷанни Инфантиноро аз нав ба вазифаи президенти ин ташкилоти ҷаҳонӣ интихоб кард.
Инфантинои 49-солаи швейтсарӣ ягона номзад ба ин вазифа буд. Ӯ аз моҳи феврали соли 2016 ба ФИФА раҳбарӣ мекунад.
То ӯ президенти ФИФА Йозеф Блаттер буд. Вай соли 2015 дар пайи моҷарои давомдори марбут ба фасоди густарда дар ФИФА билохира баъди 17 соли раҳбарӣ ба футболи ҷаҳонӣ канор рафт.
Ҷанни Инфантино вазифаи президенти ФИФА-ро то соли 2023 ба зимма дорад. Вай нӯҳумин президент дар таърихи ин ташкилот аст, ки барои аввалин бор моҳи феврали соли 2016 дар конгресси ғайринавбатии ФИФА интихоб шуда буд.
Мақомоти олии қонунбарори ФИФА, ҳамчунин Ҳисоботи молиявиро барои соли 2018 ва буҷаи соли 2020-ро тасдиқ кард.
Конгресси 70-уми ФИФА моҳи майи соли 2020 дар Аддис-Абеба (Эфиопия) доир мегардад.