Бар асари омадани сел дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон як сокини 63-солаи ноҳия ҷон бохтааст. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн гуфтанд, “Марат Зокиров дар саҳро гӯсфанд мечаронд ва зери сел монд.” Тафсилоти аз ин бештар дар даст нест. Ҳодиса рӯзи шашуми июн рух додааст. Марат Зокиров дар деҳаи “Пешқадам”-и ноҳияи Панҷ мезист ва чӯпонӣ мекард. Дар як ҳафтаи ахир дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сел омад ва даҳҳо манзили сокинон ва роҳҳоро вайрон кард. Дар ин ҳодиса дар Панҷакент ва Хуросон се нафар ҷон бохтанд. Мақомот мегӯянд, зиёни сел пурра ҳисоб нашудааст.