Шаҳбоз Ғанизода, сокини 28-солаи Исфара мегӯяд, бошандагони деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон ба мошини ӯ санг партофта, монеи ҳаракаташ ба сӯи Ворух шудаанд. Роҳи миёни Исфара ва Ворух аз ҳудуди Қирғизистон мегузарад. Ҳодиса рӯзи 4-уми июн иттифоқ афтодааст.
Ҷониби Тоҷикистон онро "иғво" номид. Мақомоти расмии Қирғизистон ҳанӯз вокуниш накардаанд. Вале баъзе аз расонаҳои ин кишвар ҳодисаро садамаи нақлиётӣ арзёбӣ намуданд.
Шаҳбоз Ғанизода ҳамроҳи модар ва кӯдакаш аз шаҳри Исфара ба Ворух ҳаракат доштааст. Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара, рӯзи 4-уми июн гуфт, сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон "барқасдона монеи ҳаракаташ шуда, баъдан ӯро барои роҳ надодан ба мошини КАМАЗ муттаҳам ва мошинашро сангборон кардаанд".
Илёсзода гуфт, "дар натиҷа шишаи қафои мошини Шаҳбоз Ғанизода пора-пора шуда, кӯдаки 6-7 солаи ӯ аз ин ҳодиса тарсидааст ва ӯро барои муоина ба бемористон бурдаанд."
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз расонаҳои Қирғизистон ҳодисаро садамаи нақлиётӣ қаламдод кардаанд. Хабаргузории "Турмуш" навишт, "Шаҳбоз Ғанизода мошинро идора карда натавонист ва ба КАМАЗ, ки онро шаҳрванди Қирғизистон идора мекард, бархӯрд."
Феълан мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Исфара ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб 519 километраш мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои таъйину аломатгузоринашуда гоҳ-гоҳ ҷангу даъвову кашмакаш барои обу чарогоҳу замин рух медиҳад ва ба хунрезӣ ҳам кашидааст.