Дипломатҳои Амрико ва Русия чораҳоеро баррасӣ мекунанд, ки дар ниҳоят ба Сурия имкон медиҳад “ба миёни ҷомеаи байналмилалӣ баргардад” Аммо бояд тарафҳо сари чанд масъала барои хотима додан ба ҷанги тӯлонии дохилӣ дар ин кишвар ба мувофиқа бирасанд.
Ҷим Ҷефрӣ, фиристодаи хоси Амрико барои Сурия рӯзи 29-уми май баъди нишасти паси дарҳои бастаи Шӯрои Амният ба хабарнигорон гуфт, Вашингтон ва Маскав барои поён додан ба ҷанги ҳаштсола “масъалаҳоро қадам ба қадам ҳал кунанд” ва барои ин қабули қарорҳои сахте зарур мешаванд.
Баёнияи Ҷим Ҷеффрӣ, аломате аз ҳамкориҳои нави Русия ва Амрико барои поён додан ба ҷанги Сурия аст. Дар ин ҷанг Русияву Амрико Эрону Туркия ва аз тарафи дигар гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ва созмонҳои террористии дигар шомил шудаанд.
Ҷим Ҷеффрӣ гуфт, Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико моҳи марти имсол дар шаҳри Сочӣ дар Русия нақшаеро баррасӣ кардаанд, ки “ба ҳукумати Сурия иҷоза медиҳад, бо риояти Қатъномаи 2254 Созмони Милал ба ҷомеаи байналмилалӣ баргардад.”
Русия ҳамроҳ бо Эрон яке аз ҳомиёни асосии Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ҳастанд ва Амрикову Туркия аз гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат ҳимоят мекунанд. Қатъномаи 2254 аз рӯзи 30-уми июни соли 2012 хоҳони музокироти сулҳ, тарҳи нави Қонуни асосӣ ва интихобот зери сарпарастии Созмони Милал аст.