Вазорати тандурустии Қазоқистон бо як ҳавопаймои махсус ду шаҳрванди ин кишварро, ки дар як садама дар Италия маҷруҳ шуданд, ба ватан меорад. Вазорати тандурустии Қазоқистон мегӯяд, вазъи сиҳатии маҷруҳон сангин арзёбӣ мешавад ва ба ҳамин далел, интиқоли онҳо бо ҳавопаймои махсус сурат мегирад.
Вазорат мегӯяд, интиқоли онҳо ба шаҳри Алмато рӯзҳои наздик анҷом мешавад. Садамае, ки дар он 9 қазоқистонӣ маҷруҳ шуданд, субҳи 2-юми май дар вилояти Тоскани Италия рух дод. Дар он садама як шаҳрванди Русия ба ҳалокат расид.