Тоқаев дар мубоҳисаҳои телевизионӣ иштирок намекунад

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти муваққати Қазоқистон бо раиси ҷумҳури пешин Нурсултон Назарбоев

Қосимҷомарт Тоқаев дар мубоҳисаҳои телевизионӣ байни номзадҳо ба мақоми президенти Қазоқистон иштирок намекунад.

Дар ин бора намояндагони президенти муваққат рӯзи 29-уми май ба матбуот хабар доданд. Интихоботи президентӣ дар Қазоқистон рӯзи 9-уми июни имсол баргузор хоҳад шуд.

Тасмими ахир эҳтимол боис ба интиқоди бештар аз интихобот хоҳад шуд, ки мухолифони ҳукумат мегӯянд, озоду мунсифона нахоҳад гузашт ва ҳатман Тоқаевро ба қудрат хоҳад расонд. Президент дар Қазоқистон барои панҷ сол интихоб мешавад.

Чанд соат пеш аз мубоҳисаҳои телевизионӣ, Эрлан Карин, ёвари Тоқаев ва ҳизби ҳокими "Нур Отан" хабар доданд, ки ба ҷойи ӯ раиси ситоди интихоботиаш Маулен Ашимбоев иштирок мекунад.

Онҳо гуфтанд, Қосимҷомарт Тоқаев дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё иштирок дорад. Ин нишаст рӯзи 29-уми май дар Нурсултон, пойтахти Қазоқистон, баргузор шуд.

Мунтақидон танзими вақти мубоҳисаро зери шубҳа бурданд, ки ба Тоқаев имкон додааст, дар баҳсҳо иштирок накунад.

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев моҳи марти имсол пас аз сӣ сол аз қудрат канор рафт. Вай ба ҳайси раҳбари доимии Шӯрои амният ва раиси ҳизби ҳокими "Нур Отан" хоҳад монд.

Нозирони байналмилалӣ ягон интихоботи даврони ҳукумати Назарбоевро мувофиқ ба меъёрҳои демократӣ надонистаанд.