Ба Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев айб эълон шуд

Акс аз бойгонӣ

Нисбати сухангӯи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев тибқи банди “Хиёнат ба ватан” (305, қисми 2)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбномаи расмӣ эълон шуда, парвандаи ӯ мақоми "махфӣ" гирифтааст. Мақомоти марбута рӯзи 26 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз ин ба баъд тафтиши пешакии парванда то замони содир шудани ҳукми додгоҳ ба гунаи пӯшида идома пайдо мекунад.

Бино ба гуфтаи як манбаи дигар, ки ин хабарро тасдиқ кард, парвандаро ҳоло муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон ва Кумитаи амнияти миллӣ муштаракан таҳқиқ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, Улуғхоҷаев ба он айбдор мешавад, ки маълумоти марбут ба сирри давлатиро ба созмонҳои хориҷӣ додааст. Дар сурати исбот шудани ин иттиҳом ба Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев аз 15 то 25 соли ҳабс таҳдид мекунад.

Гуфта мешавад, ӯ рӯзи 10 апрел боздошт шудааст. Зебо Улуғхоҷаева, модари Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев гуфта буд, ки мақомот рӯзи 16-уми апрел манзили писарашро кофтукоб карданд. Ин дар ҳолест, ки мақомот аз боздошти Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сабабҳои он ва кофтукоби манзили ӯ расман хабаре нашр накардаанд.

Модари Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев афзуд, барои писараш вакили дифоъ гирифтааст, вале намедонад, ки алайҳи ӯ бо кадом моддаҳо парванда боз кардаанд. Хонум Улуғхоҷаев танҳо гуфт, "ман ба бачам бовар дорам. Бовар дорам, ки ягон кор накардаст."

Дар ҳамин ҳол, ҳамкорони имрӯзаву собиқи Улуғхоҷаев мегӯянд, дар бораи фаъолияти кориву масъулиятшиносии ӯ танҳо назари нек доранд. Аз ҷумла, яке аз ҳамкорони ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "магар осон аст, ки дар ин муддат то мартабаи подполковник баланд шавад? Хеле шахси бомасъулият аст, вале мо ҳам намедонед, ки дар асл чӣ гузашт". Ин корманди нерӯҳои марзбонӣ гуфт, ки бори охир "як-яку ним моҳ пеш Муҳаммадҷонро дар як ҷаласаи корӣ дида буд".

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, ба қавли ҳамкорони собиқаш, 36 сол дошта, риштаи физикаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар гузашта дар оҷонсии "Азия-Плюс" ва баъдан дар вазорати дифои Тоҷикистон ба ҳайси як корманди техникии дафтари матбуот кор кардааст.

Соли 2009 ба кор дар Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ гузашт. Ин ҷо низ корро аз наворбардориву иҷрои масъулиятҳои фаннӣ шурӯъ карда, баъдан дар соли 2014 масъулиятҳои сухангӯ ва иртибот бо матбуотро ба дӯш гирифт.