Бар асоси ҳисоби бахши муҳими натиҷаҳои як раъйдиҳӣ дар Руминия, шаҳрвандони ин кишвар бо тадбирҳои ҷилавгирикунанда зидди фасод мухолифат карда гуфтаанд, ки ин чораҳо мубориза бо коррупсияро мушкилтар мекунанд. Ин нахустин овоздиҳии сокинони Руминия дар масъалаи тағйири қонунгузории зидди фасод буд, ки аз ҷониби ҳизби ҳокими сотсиалистӣ пешниҳод ва баробар бо интихоботи Парлумони Аврупо рӯзи 26 май баргузор шуд. Дар паи шумориши аз се ду ҳиссаи овозҳо маълум шуд, ки беш аз 80 дар сади мардум ба ду саволи референдум посухи мусбат доданд. Ин саволҳо чунин буданд: “Оё шумо бо манъи афв ва бахшиши гуноҳи муттаҳамон дар коррупсия розӣ ҳастед?” ва “Оё шумо манъи қабули муқаррароти изтирории ҳукумат дар заминаи ҷиноятҳо, муҷозот, сохторҳои адлияро пуштибонӣ мекунед ва оё мустақиман то Додгоҳи конститутсионӣ рафтани шикоятҳо дар ин замина тарафдор ҳастед?”. Дар раъйдиҳӣ 41 дарсад иштирок карданд.
Президенти марказгаро Клаус Йоҳаннис, ки баргузории овоздиҳиро тарафдорӣ кардааст, гуфт, ки сокинони Руминия зидди пешниҳоди эътилофи ҳокими чапгаро овоз доданд, ки мехост ислоҳоти зиддикоррупсионӣ дар ин кишвари фасодзадатарин дар Иттиҳодияи Аврупоро бозбинӣ кунад.