Як сокини ҷамоати Ворухи Исфара аз додситони кулли Қирғизистон Откурбек Ҷамшедов хостааст, ки гумонбарони қатли писараш Расоиддин Тешаевро боздошт карда ва ба ҷавобгарӣ кашад.
Расоиддин Тешаеви 37-сола, шаҳрванди Тоҷикистону Русия, рӯзи 14-уми марти имсол ҳангоми муноқиша дар марз аз тири силоҳи оташфишон кушта шуд. Наздиконаш дар ин кор сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистонро муттаҳам мекунанд. Қаблан мақомот гуфта буданд, ки ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Нома ба додситони кулли Қирғизистон рӯзи 14-уми май тавассути почта ва рӯзи 23-юми май тавассути имейл фиристода шудааст. Ҷониби Қирғизистон гуфт, муроҷиати интернетии Иномиддин Тешаевро рӯзи 24-уми май дастрас кардааст ва он баррасӣ мешавад.
Нусхаи нома рӯзи 25-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр шуд. Бино ба он, Иномиддин Тешаев гуфтааст, аз марги писараш ду моҳ гузашт, вале то ҳол касе ба ҳайси гумонбар дар ин ҳодиса дастгир нашуд.
"Ҳар рӯз набераҳоям аз ман мепурсанд, ки падари мо куҷост? Кай меояд? Ман қудрати ба ин суол посух гуфтанро надорам. Ва ин фикр маро низ ором намегузорад, ки кӣ бо истифода аз силоҳи оташфишон писари маро кушт?" -- навиштааст ӯ.
Иномиддин Тешаев мегӯяд, дар ин ҳодиса арӯси 28-солааш бо се фарзанд танҳо монд: "Мо бе ноновар мондем. Ман 84-сола ва оилаам 76-сола аст. Таҳаммули чунин фоҷиа барои мо хеле сахт аст."
Рӯзи 19-уми марти имсол Додситонии кулли Қирғизистон эълон карда буд, ки дар пайи низоъ дар марз бо Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи ҳодиса оғоз шудааст.
Ҳамчунин Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон гуфта буд, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, дар навбати аввал афродеро, ки даст ба ҷиноят зада, боиси сар задани муноқиша шуданд ва боиси кушта шудани ду нафар гардиданд, ба ҷавобгарӣ мекашанд.
Бо гузашти ду моҳ ду тараф дар ин бора иттилое надодаанд.
Дар муноқишаи рӯзҳои 13 ва 14-уми марти имсол дар марз ду шаҳрванди Тоҷикистон аз тири силоҳ кушта ва беш аз 20 шаҳрванди Тоҷикистону Қирғизистон маҷруҳ шуданд. Моҷаро баъди он сар зад, ки сокинони деҳоти Ворухи Тоҷикистон бо корҳои сохтмонии роҳи Ботканд-Оқсой-Тамдиқ мухолифат карданд. Ҳодисае. ки ҳарду тараф ба ҳақ будани худ пофишорӣ доранд.