Ҳалокати чаҳор нафар дар чоҳи фозилоб дар Қазоқистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дод, ки шаби 23-юми май дар шаҳри Нурсултон чаҳор корманди ширкати коммуналии "Остона су арнасӣ" ба ҳалокат расиданд.

Ба огаҳии кумита, шаш корманди "Остона су арнасӣ" қубури фозилобро таъмир мекарданд ва якеашон ба чоҳ афтодааст. Кормандони дигар ҳангоми берун овардани шарикашон аз дохили чоҳ беҳуш шудаанд. Бино ба маълумоти пешакӣ, онҳо аз гази ботлоқ заҳролуд гаштаанд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон Владимир Беккер гуфт, ҳалокшудаҳо аз 24 то 52 сол доштанд.

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон барои таҳқиқи ҳодисаи мазкур як комиссияи махсус ташкил кардааст.

Ба гуфтаи Владимир Беккер, маъмурони наҷот ҷасади ҳалокшудаҳоро аз ҷуқурии 10-метрие баровардаанд, ки се метраш фозилоб буд.