Додситонии кулли Қазоқистон 23-юми май хабар дод, ки ду шаҳрвандро ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб кардааст: онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавзуи интихоботи президентӣ назарсанҷӣ доир ва ба ин тартиб, қонун дар бораи интихоботро вайрон кардаанд.
Қонуншикани аввал, сокини шаҳри Алмато, рӯзи 17-уми май дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" назарсанҷӣ анҷом дод ва 100 доллари ИМА ҷарима шуд. Қонуншикани дувум, сокини вилояти Алмато, чунин назарсанҷиро дар "Фейсбук" анҷом дод ва ӯ низ ҷарима баста шуд.
Додситонӣ ҳамчунин хабар дод, ки роҳандозии назарсанҷӣ аз сӯи молики сомонаи интернетии Nur.kz - яке аз маъруфтарин сомонаи хабарӣ дар Қазоқистон - мушоҳида шудааст. Ба гуфтаи додситонӣ, сомонаи мазкур "бидуни дар ҷараён гузоштани Комисияи марказии интихоботӣ" ин корро анҷом додааст.
Қонунгузории Қазоқистон талаб мекунад, ки назарпурсӣ дар бораи интихоботҳоро танҳо шахсони ҳуқуқие метавонанд, анҷом диҳанд, ки таҷрибаи на камтар аз 5-солаи баргузории назарсанҷиҳоро дошта бошанд. Қонунгузорӣ ҳамчунин талаб мекунад, ки пеш аз баргузории назарсанҷӣ Комисияи марказии интихоботӣ бояд дар шакли хаттӣ дар ҷараён гузошта шавад. Интихоботи ғайринавбатӣ дар Қазоқистон 9-уми июн баргузор мешавад.