Боздошти се нафар дар робита бо куштори духтари 10-сола

21 май, саҳнае аз эътирози зидди куштори бераҳмонаи кӯдак

Мақомоти покистонӣ гуфтанд, ки се нафарро бо гумони дуздӣ ва куштори духтари 10-сола боздошт кардаанд. Холид Овон, сухангӯи полиси Исломобод рӯзи 22 май гуфт, ки дар нисбати чор афсари полис ҳам барои саҳлангорӣ дар иҷрои вазифаҳои касбиашон парванда боз шудааст.

Дар паи ин ҳодиса дар саросари Покистон, ки ҷиноят алайҳи кӯдак як падидаи маъмулӣ шудааст, намоишҳои эътирозӣ барпо шуд. Ҷасади Фариштаи 10-сола бо осори зарбу азияти зиёд рӯзи 15 май дар канори шаҳри Шаҳзод пайдо шуд. Давоми чор рӯз духтарак бедарак буд ва падари ӯ Ғулом Набӣ ходимони полисро дар он гунаҳгор кард, ки сари вақт дар паи ҷустуҷӯи духтари ӯ нашуданд. Ӯ инчунин гуфт, ки замони шикояташ ходимони полис ҳарфҳои ӯро ҷиддӣ нагирифтанд. Хонаводаи Фаришта аз паштутаборҳои шимолуғарби Покистон мебошад. Куштори бераҳмонаи кӯдак боиси эътирози шадиди аксар паштуҳои Исломобод шуд, ки муҷозоти омилони таҷовуз ва куштори духтарро талаб мекунанд.