Аз шаҳри Нурсултони Қазоқистон 35 хонаводаи серфарзанд ба шаҳри Экибатсузи вилояти Павлодар кӯч бастанд. Ба ин хонаводаҳо манзил доданд ва ваъда карданд, ки кор ҳам пайдо мекунанд. Дар ин бора мудири бунёди манзили шаҳри Нурсултон Нурсулу Кажахметов хабар дод.
Ба гуфтаи вай, пештар аз ин ҳокими вилояти Павлодар пешниҳод карда буд, ки қисме аз оилаҳои серфарзанди Нурсултонро ба Экибатсу фиристанд.
"Ба ин хонаводаҳо давоми як сол манзили ройгон пешниҳод мешавад. Яъне, ҳамаи харҷи иҷора, пардохти ҳаққи хизматрасониҳои комуналиро ҳукумат ба зимма мегирад. Ирсоли хонаводаҳои дигар ҳам дар назар аст", - гуфт Нурсулу Кожахметов.
Баъди марги панҷхоҳарон дар шаҳри Нурсултон зимистони имсол, дар минтақаҳои мухталифи Қазоқистон модарони серфарзанд даст ба эътироз заданд. Занон аз мақомот талаб карданд, ки дар ҳалли мушкилоти онҳо кумак расонанд. Иқдомҳои эътирозии хонаводаҳои серфарзанд дар Қазоқистон то кунун идома доранд.