"На доруфурӯш, на корманди бонк маро намефаҳманд." ВИДЕО

Гуруҳе аз афроди лол (гунг) дар Тоҷикистон мехоҳанд, ки забони имову ишора дар муассисаҳои давлатӣ дарс дода шавад, то онҳоро фаҳманд ва мушкилоташонро ҳал кунанд.

Шералӣ Табаров, сокини шаҳри Душанбе, гап зада ва шунида наметавонад. Ӯ чанд дафъа кӯшиш кардааст, ки дору бигирад, вале пизишкон ишораашро ё нафаҳмидаанд ва ё хато дарк кардаанд.

Вай бо имову ишора ба мо фаҳмонд, ки "барои дору гирифтан меравам. Дору барои дарди сар. Вале намефаҳманд. Баъзан пул мепурсанд. Одамон маро намефаҳманд."

Шералӣ Табаров пайваста дар роҳу бозор ва муассисаҳои дигар ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ мешавад ва азият мекашад. "Дар бонк аслан намефаҳманд, ки чӣ мехоҳам. Мушкилии маро дарк намекунанд. Бо одамон бо ишора муроҷиат мекунам. Аксар вақт ба онҳо дар дафтар ягон чиз менависам ва баъд маро мефаҳманд", -- нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Шералӣ Табаров

Муҳимтарин мушкили афроди ношунаво дар ҷомеаи Тоҷикистон, надонистани имову ишораи онҳост. Ин аст, ки дар бештари маврид онҳо худро аз ҷомеа дар канор мегиранд.

Хайриддин Шамсов яке аз онҳост. Ӯ хатмкардаи Мактаби махсуси ношунавоён аст ва феълан дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Мегӯяд, дар донишгоҳ мушкилоти асосиаш рӯйнавис кардани дарс аз ҳамсабақонаш аст.

"Мушкили асосии ман бе тарҷумон дарс гирифтан аст. Агар муаллим дар тахтаи синф чизе навишт, метавонам фаҳмам, вагарна азоб мекашам. Ин аст, ки дар имтиҳонҳо азоб мекашам. Дар имтиҳонҳои давлатӣ маро меафтонанд", -- гуфт ӯ бо имову ишора ба Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"На доруфурӯш, на корманди бонк маро намефаҳманд"

Бо таваҷҷӯҳ ба мушкили Шералӣ ва ҳазорҳо афроди дигари лол дар кишвар ҷамъияти ношунавоёни Тоҷикистон талош дорад, ба забони имову ишора мақоми давлатӣ дода шавад.

Саттор Қувватов, раиси Маркази рушди забони ишора ва таълими ношунавоён гуфт, "забони имову ишораро бояд ҳар як омӯзгор ва падару модар дар сатҳи зарурӣ донанд. Бо онҳо дар сатҳи зарурӣ муошират кунанд. Барои ҳамин, аз тарафи давлат эътироф кардани ин забон ба нафъи ношунавоён аст."

Масъулони созмонҳои ношунавоён мегӯянд, бо давлатӣ шудани забони имову ишора афроди маҳрум аз шунавоӣ мушкили дигари онҳо ҳам ҳал хоҳад шуд.

Саттор Қувватов

"Вақте ки ҳамчун забон қабул мешавад, давлат ҳамаи донишгоҳҳову муассисаҳоро вазифадор мекунад, ки дар навбати аввал онҳоро бо тарҷумон таъмин кунанд. Дувум, ҳар як ношунаво дар як сол то 25-30 соат ҳуқуқи гирифтани тарҷумони бепулро дорад. Маблағи тарҷумон аз тарафи давлат пешниҳод карда мешавад", -- афзуд Саттор Қувватов.

Шумораи лолу ношунавоён дар Тоҷикистон имрӯз беш аз 30 ҳазор гуфта мешавад. Танҳо дар мактаб-интернатҳо ва муассисаҳои таҳсилоти махсус беш аз ҳазор нафари лолу ношунаво мехонанд.

Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфтанд, мақоми давлатӣ додан ба забони имову ишора зарурат надорад, аммо бо роҳҳои дигар метавон мушкили ношунавоёнро ҳал кард.

Абдураҳим Зулфониён

Абдураҳим Зулфониён, сардори шуъбаи танзими Кумитаи забон ва истилоҳот, мегӯяд, "дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маъюбон низ гуфта шудааст, ки забони имову ишора ба роҳ монда мешавад. Вале кадом забон, бо кадом забон ҳануз муайян нест. Ҳаминро мо хостем, дар қонун дар бораи забони давлатӣ муайян кунем."

Бо ин ҳол, бештари ношунавоён умед доранд, ки забони имову ишора рӯзе расман қабул мешавад ва бо ҳамин девори нофаҳмӣ байни онҳо ва аъзои дигари ҷомеа дар Тоҷикистон бардошта хоҳад шуд.