Телефони ҳамроҳ ё мобил дақиқан ҳамон дастгоҳест, ки онро дар ҷайби қариб ҳар як шарҳванди Тоҷикистон метавон пайдо кард. Агар дар авоили солҳои 2000-ум танҳо аҳён-аҳён афроди сарватманд ва пешрафта соҳиби телефонҳои ҳамроҳ буданд, ҳоло аз кӯдаки 6 сола то пири ҳафтодсола телефон дорад ва раҳ ба раҳ бо садои баланд сӯҳбатҳои ҷолиберо анҷом медиҳанд.
Бинобар омори расмӣ беш аз 90 дар сади аҳолии Тоҷикистон ба телефонҳои ҳамроҳ дастрасӣ дорад ва маблағҳои ҳангуфтеро сарфи гуфтугӯҳои телефонӣ мекунанд.
Аммо ин гузориши мо на дар бораи рушди бозори телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон, балки дар бораи онҳоест, ки ҳатто агар аз мобил ҳам истифода кунанд шумо садои онҳоро намешунаве. Ин гузориш дар бораи гурӯҳи ношунаво ва лоли ҷомеъаи Тоҷикистон аст, ки теъдоди онҳо кам нест.
Танҳо дар ҷамъияти ношунавоёни кишвар 7 ҳазор нафар сабти ном шудааст, ки синнашон аз 18 ба болост. Бо назардошти истифодаи дастгоҳҳои мобилии махсуси афроди лол дар кишварҳои ҷаҳон ман низ хостам бидонам, ки оё ҳамтоҳои онҳо дар Тоҷикистон аз чӣ дастгоҳе истифода мекунанд ва чӣ тавр аз мухобироти замонавӣ истифода мебаранд.
Барои посух гирифтан ба ин суол ба Созмони ҷамъятии “кару гунгҳо” рафтам, ки даҳсолаҳо боз фаъолият дорад ва барои ҳалли мушкил мардуми малул бунёд ёфтааст. Нахустин нафаре, ки ман дар ин муассиса фохӯрдам, Абдуҷаббор Давлатови 39-сола буд, ки дар ин идора ба сифати муовини директори Ҷамъияти давлатии афроди ношунаво ва лол фаъолият мекунад. Ӯ дар даст телефони мобил додшт, ки зоҳиран аз телефони ман фарқ намекард.
Давлатов дар нахустин лаҳзаҳои сӯҳбат гуфт, ки ҳеҷ гуна бозори фурӯши телефонҳои махсус барои афроди ношунаво вуҷуд надорад ва лолҳои кишвар аз ҳамон дастгоҳҳое истифода мекунанд, ки дигарон низ ба кор мебаранд, «дар Русия барои карҳо ва гунгҳо телефонҳои махсусе сохта шудааст, ки бо пахши як тугмача дар оинааш ҳамсӯҳбататро дидан мумкин аст. Ин телефонҳоро барои мо сохтаанд. Аммо мутаасифона мо аз ин дастгоҳҳо надорем, танҳо умедворем, ки ширкатҳои мобилӣ ва мағозаҳои фурӯши телефонҳои ҳамроҳ барои мо маҳсулоти мавриди ниёзи моро ворид кунанд", мегӯяд оқои Давлатов
Аммо суоли ман дар мағозаи мобилфурӯшӣ, ки оё дар сол барои афроди лолу ношунаво чи қадар телефонҳои ҳамроҳ ворид мешаванд, фурӯшанда Музаффар Файзиевро ҳайрон накард. Ӯ аз ин дастгоҳҳо бохабар аст. Аммо гуфт, ки овардани телефонҳои ҳамроҳ барои маълулон фоидаовар нест, зеро дар як моҳ тақрибан як ё ду муштарӣ муроҷиат мекунад. Тоҷирон намехоҳанд танҳо барои як ду нафар мол биёранд. Гузашта аз ин ба гуфтаи Музаффар, ҳоҷати овардани чунин телефонҳо низ дар миён нест: «аксари онҳо аз телефонҳои мобилии дорои «3g» истифода мебаранд. Тариқи телефонҳои «3g» дошта онҳо ҳамдигарро мебинанд ва бо ишораҳои махсус гап мезананд.»
Ба гуфтаи Созмони "кару гунгҳо" афроди ношунаво ва лол дар Тоҷикистон асосан муштарии ду ширкати мобилӣ, «Мегафон Тоҷикистон» ва «Вавилон» будаанд. Ҳарчанд намояндагони ин ду ширкат мегӯянд то ҳол барои карҳо ва гунгҳо ягон хел имтиёз ё барномаи махсусе пешбини накардаанд ва ҳанӯз маълум нест, ки ширкатҳои мобили чанд муштарии кар ё гунг доранд.
Ҷомеъашиносон мегӯянд, Тоҷикистон барои маълулон ва афроди ношунаво эҳтироми назаррас қоил нест ва дар қиболи онҳо ҳамеша аз талошҳои ҳади ақал кор гирифааст. То ҳол дар кишвар гузаргоҳҳои махсус ва нақлиёти махсус барои маъюбони савори сандалии чархдор вуҷуд надорад ва мардуми нобино то расидан дар манзил аз чандин роҳгузар кӯмак мепурсанд.