Баҳси лафзии сокинони маҳаллии Қирғизистон бо марзбонони Тоҷикистон

Дар деҳаи Қарабоғи ноҳияи Бодканди Қирғизистон миёни сокинони маҳаллӣ ва марзбонони тоҷик баҳси лафзӣ рух дод. Дар ин бора мақомоти Қирғизистон иттилоъ доданд.

Баҳс баъди он рух дод, ки афроди ношинос дари анбореро шикастанд. "Бино дар 5-6 метрии хатти шартии марз дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст. Аммо аз он анбор шаҳрвандони Қирғизистон истифода мекунанд", - иттилоъ дод Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

"Қирғизистониҳо хостанд, дарро таъмир кунанд, вале марзбонони Тоҷикистон монеъ шуданд. Марзбонони Қирғизистон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва бо ҳамтоёни тоҷикистониашон гуфтугӯ карданд. Дар ниҳоят марзбонони Тоҷикистон иҷозат доданд, ки дари анбор таъмир шавад", - омадааст дар хабар.

Ҳамчунин марзбонон ҳамроҳ бо мақомоти маҳаллӣ бо сокинон мулоқот ва гуфтугӯ карданд.