Номаи ҳомиёни ҳуқуқ дар робита ба ошӯби зиндони Ваҳдат

Созмонҳои "Freedom Now" ва "Hogan Lovells" мақарашон дар Вашингтон мегӯянд, дар ҳодисаи маҳбаси Ваҳдат, шуморе аз маҳбусони сиёсӣ низ кушта шудаанд. Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти тоҷик вуҷуди маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои кишварро радд мекунанд.

Дар изҳороти ин ҳомиёни ҳуқуқи башар, ки рӯзи 20-уми май ба нашр расид, гуфта мешавад, ки дар ин маҳбас шуморе аз маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ ва мухолифи сиёсӣ Зайд Саидов нигаҳдорӣ мешуданд ва дар миёни кушташудаҳо Саттор Каримов, Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Ҷонмаҳмад Боев ҳастанд. Бар пояи изҳороти "Freedom Now" ва "Hogan Lovells", дар ин ҳодиса ба ҷони Зайд Саидов низ қасд шуда, аммо ӯ аз сӯи зиндониён ҳимоят дидааст.

Созмонҳои "Freedom Now" ва "Hogan Lovells" ба унвони як ниҳоди машваратии байналмилалӣ хостори таҳқиқи комил, шаффоф ва мустақилона дар мавриди ошӯби зиндони Ваҳдат шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳодисаи зиндони Ваҳдат, ки шаби 19-уми май рух дод, 29 зиндонӣ ва се зиндонбон кушта шуданд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки омилони ин беназмӣ афроди вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" мебошанд. Маълумоти дигар дар мавриди ин ҳодиса аз манобеи мустақил дастрас нест.