Селаи шоҳпаракҳо ба Душанбе аз куҷо омад?

Рӯзи якшанбе селаи шоҳпаракҳо дар Душанбе пайдо шуд ва сокинони пойтахтро ба ҳайрат овард. Чандин нафар дар "Фейсбук" аз пайдо шудани он хабар доданд. Баъзе аз зебоии он гуфтанд ва баъзеи дигар аз зарар доштан ё надоштанаш пурсиданд. Яке аз корбарон навишт, "ин чӣ навъ шоҳпарак аст? Якбора чунон зиёд шуд, ки ҳайрон ҳастем. Боз заҳрдор набошад?" Неъматулло Сафаров, доктори илми билогия, рӯзи 19-уми май гуфт, “ин навъи шоҳпаракҳоро “бонуи наққошишуда” ҳам меноманд ва онҳо бар асари гармӣ ва ҳамзамон намии зиёд пайдо шудаанд”. Сафаров гуфт, чунин ҳолат панҷ-шаш сол пеш мушоҳида шуда буд. Ӯ афзуд, мумкин аст, ин навъ шоҳпаракҳо боис ба аллергия ва таби кӯдакон шаванд. Гуфта мешавад, “бонуҳои наққошишуда” аввал дар Турсунзодаву Ҳисор пайдо шуда, баъдан ба тарафи Душанбе ҳаракат кардаанд. Мақомот то ҳол расман дар ин бора чизе нагуфтаанд.