Деҳқонони тоҷик об мехоҳанд, мақомот қарзро талаб доранд

Мақомоти Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон мегӯянд, саркашии деҳқонон аз пардохти пули хизматрасониҳои обрасонӣ ва ҳаққи нерӯӣ, барқ боиси даҳҳо миллион сомонӣ қарзи ин ниҳод дар назди дигар идораҳо шудааст.

Аммо деҳқонон мегӯянд, ба қадри тавонашон пули хизматрасониҳои об ва ҳаққи истифодаи барқро мепардозанд, вале хизматрасонии ассосиятсияҳои истифодабарандагони об, ки таҳти назорати Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ фаъолият мебаранд ва дар таъмини киштзорҳояшон ба об масъул аст, дар сатҳи паст қарор дорад.​

Қарзи Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон аз ҳисоби хизматрасониҳои обрасонӣ ва нерӯи барқе, ки асосан дар кори насосҳои бузургӣ обтаъминкунӣ сарф мешавад, беш аз 200 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин ниҳод дар афзоиши қарзҳояш ангушти ишора ба сӯи деҳқонону кишоварзон мекунад.

"Об намедиҳанду пул талаб мекунанд"

Раҳмоналӣ Соҳибов, деҳқони тоҷик, ки дар ҷамоати Сарикишти ноҳияи Рӯдакӣ ба кишти гандум, картошка ва пиёз машғул аст, мегӯяд, камбуди об дар ҳолатҳои зарурӣ борҳо боиси хушкшавии зироатҳояш шудааст. Ӯ рӯзи 17-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте масъулин то назди заминҳои кишти онҳо обро намерасонанд, чӣ гуна пул талаб мекунанд.

"Як ду нафаре, ки пулро намедиҳад, маънии онро надорад, ки ҳама деҳқонон аз пардохти пул саркашӣ мекунанд. Киштукори мо ҳамин хел аст, ки агар об дар вақти даркорӣ наояду дер шавад, ҳама меҳнатҳо барбод меравад. Мо кишвари серобем, вале аз сабаби он, ки корҳо дар самти обёрӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст, кишзорҳоямон бе об мемонад. Вақте деқон мебинад, ки об то заминаш намерасад, дилсард мешавад. Аввал хизматрасониро беҳтар кунанд, баъдан пул талаб кунанд" - афзуд деҳқони тоҷик.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Пажӯҳиш: "Вақти зиёди занони рустоӣ бо обкашонӣ мегузарад"

Бархе аз коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди таҳияи санаду барномаҳо ва фаъолияти лоиҳаҳои мухталиф дар самти таъмини заминҳои кишти деҳқонон ба об, ҳанӯз ҳам дар ин самт як системаи дурусте ба назар намерасад. Ба назари коршиносон, дар қадами аввал бояд кори садҳо ассосиятсияҳое, ки дар манотиқи гуногуни кишвар барои таъмини оби киштзорҳо хизматрасонӣ мекунанд, беҳтар гардад.

"Кори ассосиатсиаҳо беҳтар мешавад"

Абдулло Қурбонзода, муовини аввали директори Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар кишвар ҳамагӣ 388 ассосиятсияи истифодабарандагони об амал мекунанд, ки фаъолияташон дар ҳоли беҳбуд ёфтан аст. Ҳамсӯҳбатамон таъкид намуд, ки ин миқдор ассосиятсияҳо ба 400 ҳазор гектар заминҳои обӣ хизматрасонӣ мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Инҷо барои об ҳар рӯз ҷанг аст" ВИДЕО

Оқои Қурбонзода гуфт, таҳияи лоиҳаи қонун "Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об", ки чанде пеш аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон қабул гардид, ба баъзан норӯшаниву номушаххасӣ дар кори ассосиятсияҳо мусоидат хоҳад кард".

"Дар ин лоиҳа вазифаву ӯҳдадории ассосиятсияҳо дар назди хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳамчунин бастани шартнома дар мавриди пардохти ҳаққи хизматрасониҳо аз ҷониби кишоварзон ва нигоҳдориву истифодаи босамари шабакаҳои дохилихоҷагӣ дақиқ шуд, ки ин барои фаъолияти дурустӣ ассосиятсияҳо муҳим аст" - афзуд Абдулло Қурбонзода.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Об нест. Маҷбурем, аз баҳри замин гузарем" ВИДЕО

Масъалаи кори ин ассосиятсияҳои дар ростои таъми заминҳои кишт ба об ва рушди соҳаи кишоварзӣ рӯзи 14-уми май зимни қабули лоиҳаи қонун "Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об", мавриди баррасӣ вакилони Маҷлиси намояндагон қарор гирифт.

Миллионҳо сомонӣ қарзи обу барқ

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки кори чунин ассосиятсияҳо дар сатҳи хуб ташкил нагардидааст. Ӯ хитоб ба раҳбарияти Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ гуфт, "обро, ки додед, мебахшед, бояд ҳисобкунак бошад дар он ҷойҳо, ки чӣ қадар истифода мебаранд".

Зайниддин Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки агар имрӯз миёни истифодабарандагони об ва Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ шартномаи муайян ё муносибати хуб мешуд, ҳоло ин ниҳод 136 миллион сомонӣ аз барқ ва 121 миллион сомонӣ аз ҳисоби истифодаи об қарздор намешуд.

Вай гуфт, кормандони ин Оҷонси 4 моҳ боз маош нагирифтаанд ва таъкид намуд, ки ин масъаларо бо муовини вазири молия ба миён гузоштаанд, ки баъдан 28 миллион сомонӣ барои пардохти музди маош ба фонди ин ниҳод гузарониданд. Шукурҷон Зуҳуров дар хитоб ба Зайниддин Сафаров гуфт, "ин маблағе ки шумо гуфтед, танҳо 20% маоши кормандонро ташкил мекунад".

Масъулини Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон мушкил дар пардохти маоши кормандонашро ба қарзҳояшон аз ҳисоби хизматрасониҳои обрасонӣ, ки ассосиятсияҳои истифодабарандагони об барои деҳқонон анҷом медиҳанд, рабт додаанд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз аъзоёни ассосиятсияи истифодабарандагони об гуфтанд, онҳо наметавонанд деҳқононро барои напардохтани ҳаққи хизматрасонии обрасонӣ ва маблағи истифодаи барқ маҷбур созанд ва сари ин масъала беҳтар аст, мақомотҳои дигар таваҷҷӯҳи бештар намоянд.