Чаҳор сол пеш ҷавондухтаре аз кӯҳистони Файзобод зарфҳои вазнини обкашиашро канор гузошт ва ба Душанбе омад, то таҳсил намуда, роҳи ҳали беобӣ дар зодгоҳашро пайдо кунад. Субҳи замони наврасии Ёсумани Юсуфзода, сокини деҳаи Ҷавонони ноҳияи Файзобод бо обкашӣ аз масофаи як километр шурӯъ мешуд ва пас аз дарс ҳам аксаран китобҳояшро канор мегузошт, то хонаводаашонро бо оби нӯшокӣ таъмин кунад. Обкашонӣ дар хонаводаи ин ҷавондухтар, ки аз 8 нафар иборат буд, маъсулияти обкашонӣ ба дӯши ӯ бор буд.
Ёсумани Юсуфзод ҳоло дар соли чоруми Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон дар факултаи “Обёрӣ” таҳсил мекунад ва орзу дорад, то бо анҷоми таҳсил саҳме дар таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ ва обёрии заминҳои кишт дар шароити кишвар гузорад. Ҳоло ӯ мавзӯи обёрии заминҳои кишт дар кӯҳистонро меомӯзад. Ёсуман мехост, бо бархӯрдорӣ аз усулҳои обрасонӣ мушкили занон ва кӯдакони рустои худро дар ин замина осон кунад. Вай дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ба хотири он, ки мардон обкашониро ор медонанд, ин кор ба шуғли занона табдил ёфтааст. Мардон танҳо дар ҳолате сатил ба даст мегиранд, агар занони хонавода ба бемории ҷиддие гирифтор шаванд.
Ёсуман мегӯяд, ”мардон аз тарси он ки онҳоро занкалон нагӯянд, об намекашанд. Асосан занону кӯдакон аз масофаи дур то 1 ва ё 2 километр об меоранд. Албатта ин ба саломатӣ бетаъсир намемонад, дасту пояшон дард мекунад, гурдаашон касаламанд мешаванд. Худи ман низ бо сатилҳои вазнин об мекашондам ва соатҳои зиёдамро дар лаби об мегузарондам. Ҳамин мушкилот буд, ки ман тасмим гирифтам ба факултаи “гидромелеоративӣ“ ҳуҷҷат супорам ва ҳоло дар бахши чаҳорум таҳсил мекунам. Аммо имсол раиси деҳаи мо нав шуд ва аз кӯҳ бароямон об кашид. ”
Ёсуман афзуд, бо он, ки имсол мушкили беобӣ дар рустои онҳо ҳал шудааст, вале дар деҳаҳои дигари ин ноҳия занону кӯдакон бо сарфи зиёди қувваи ҷисмонӣ ва гоҳҳо аз тавон берун ҳанӯз ҳам об мекашанд.
Мушкили норасоии об танҳо хоси деҳаи Ёсуман нест ва бар асоси пужӯҳишҳои расмӣ 62 дарсади сокинони рустоҳои Тоҷикистон ба оби пок дастрасӣ надоранд ва соатҳои дарози худро сарфи обкашонӣ мекунанд. Гуфта мешавад, ҳоло танҳо сокинони шаҳрҳои бузург ва мавзеъҳои кӯҳии воқеъ дар шарқи кишвар – Бадахшон ва водии Рашт бо оби пок таъминанд ва бештар аз оби чашмаҳо истифода мекунанд.
Дар ҳамин, ҳол Барномаи оҷонсии Шветсария оид ба рушд дар натиҷаи як таҳлил мушаххас кардааст, ки занон ва кӯдакон дар рустоҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ нисфи рӯзи худро маҳз ба обкашонӣ мегузаронанд. Регина Гуян, раҳбари ин барнома, рӯзи чоршанбеи 13-уми май дар ҳамоише дар Душанбе бахшида ба мавзӯи “Нақши занон дар бахши оби Тоҷикистон” гуфт, дар ин рустоҳо аксаран занону кӯдакон ба обкашонӣ аз масофаҳои дур машғул ҳастанд ва ҳамарӯза аз 4 то 6 соати рӯзи худро барои ин кор сарф мекунанд. Ин амал ҳам ба сиҳатии занон ва ҳам ба таҳсили кӯдакон таъсирии манфии худро мерасонад.
Хонум Гуян афзуд, ”ҷабри боеобиро асосан занҳо ва кӯдакон мекашанд. Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки дар рустоҳои кишвар танҳо 48 дарсади аҳолӣ ба оби безарари ошомиданӣ дастарсӣ доранд, ин боис ба хуруҷи бемориҳои сироятӣ мешавад. Гузашта аз ин, набуди ҳоҷатхонаҳои махсуси духтарона, сабаби аз таҳсил канор мондани духтарон ҳам гардидааст.”
Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, дар ин соатҳое, ки сарфи обкашонӣ мешавад, занон метавонистанд барои анҷоми дигар корҳо дар хонавода истифода кунанд. Сураёи Шуҷоат, рӯзноманигоре, ки бевосита дар гузаронидани ин таҳлил ширкат доштааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вақте дар деҳае об нест, мушкилот пеш аз ҳама ба дӯши занон ва кӯдакон бор мешавад.
Ӯ аз ҷумла гуфт, “ин заноне, ки аз масофи то дур ва бештар аз 1 километр об мекашонанд, шикоят аз он мекунанд, ки вақти зиёди онҳо сарф мешавад ва ҳамчунин гирифтори бемории сутунмӯҳра, диққи нафас, амрози занона гаштаанд. Дар деҳаҳои беоб асосан хонаводаҳои камбизоат танқисӣ мекашанд. Оилаҳои мошиндор тавассути нақлиёти худ якбора чанд зарфи калонро аз оби каналу наҳрҳо пур карда меоранд. Аммо дар бисёр ҳолат занонро
кӯдакон ҳамроҳӣ мекунанд ва ин кӯдакон бо истифода аз хар об меоранд. Вале агар масофа то 500 метар бошад занону кӯдакон дастӣ об мекашанд ва ё аз ароба кор мегиранд. Дар ҳамин ҳол хонаводаҳое, ки вазъи молияшон хуб аст, дар як моҳ ду маротиба об харидорӣ мекунанд, ки нархи ин об 50 сомонӣ сар шуда то 150 сомонро ташкил мекунад. Чунин оилаҳо бениҳоят кам аст, зеро дар кадом минтақае ки пурсон мешавӣ, зиёдтар дар онҷо оби борон ва барфро дар зарфҳои калон захира менамоянд.”
Хонум Шуҷоат афзуд, бо назардошти он, ки аҳолии Тоҷикитсон афзоиш меёбад, ҳамасола деҳаҳои нав бунёд мешаванд, ки дар баробари надоштани роҳу мактаб ва бунгоҳи тиббӣ аз оби ошомиданӣ низ маҳруманд . Ба гуфтаи хонум Шуҷоат, ҳоло мардум кӯшиш мекунанд бо маблағҳои худӣ қубурҳои обрасониро бикашонанд. Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки ҳамагӣ 57 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доранд ва Эмомалии Раҳмон пешниҳод кардааст, ки боз як даҳсолаи байнулмилалии об эълон шавад.