Ҳабси беш аз 20 норозии сохтмони калисо дар Екатеринбург

Пулиси шаҳри Екатеринбурги Русия барои намоиши эътирозии бидуни иҷоза беш аз 20 зану мардро дастгир ва ба ҳабс маҳкум кард.

Ҳукми додгоҳ баъди се рӯзи эътирозҳо аз тасмими сохтмони калисои нави провославӣ дар ҷойи боғи ҷамъиятии бисёр маъруф содир шуд.

Дар ҳукми додгоҳ рӯзи 16-уми май гуфта шуд, 21 нафар ба мӯҳлати аз ду то даҳ рӯзи ҳабс маҳкум мешаванд ва гуноҳи онҳо ин аст, ки қонуни таҷаммӯъҳои ҷамъиятиро вайрон кардаанд.

Додгоҳ инчунин гуфт, рӯзи 15-уми май 33 эътирозгари дигар ҳам боздошт шудааст. Вале як гурӯҳи мустақили ҷамъиятӣ бо номи ОВД-инфо, ки назорат аз қонуншиканиҳои полисро ҳадаф қарор додааст, гузориш дод, ки дар саркӯбҳои эътирозгарон на кам аз 70 нафар дастгир шудаанд.

Баробар бо эътироз, ҳудудан 74 ҳазор сокини маҳаллӣ ба вебсайти интернетии Change.org ариза навишта, зидди дар боғи сабзу зебои шаҳр сохта шудани калисо имзо гузоштанд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, боғ ягона нуқтаи сабзу барҳавои шаҳр аст, ки барои гаштугузори сокинон пешбинӣ шудааст.