Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки бовар дорад базудӣ Теҳрон дар ҷустуҷӯи роҳи барпо кардани музокира бо Вашингтон мешавад. Трамп инчунин тахминзаниҳои матбуотро рад кард, ки гуфтааст, миёни президент ва маъмурияташ дар мавзӯи Эрон ихтилофи назар вуҷуд дорад. Трамп дар саҳифаи худ дар Твиттер рӯзи 15 май навишт, “мутмаин ҳастам, ки Эрон базудӣ хостори барпо кардани музокира мешавад”. Ӯ аз ин беш чизе нагуфт.
Ин изҳороти ӯ дар паи он нашр шуд, ки рӯзи 9 май Трамп эҳтимоли сар задани ихтилофҳои низомӣ бо Эронро сарфи назар накард. Вале ӯ гуфт: “Ман мехоҳам бубинам, ки онҳо ба ман занг мезананд”.
Мақомоти эронӣ ҳамон замон вокуниш карда, ҳама гуна музокира бо Вашингтонро рад карданд.
Таниш дар равобити ИМА ва Эрон баъди моҳи маи соли 2018 аз созиши ҳастаӣ бо Эрон берун шудани Вашингтон афзоиш ёфт. Аз тирамоҳи соли гузашта таҳримҳои иқтисодӣ болои Эрон, ки аз соли 2015 бекор шуда буд, дубора ҷорӣ шуд. ИМА Эронро дар фаъолиятҳои харобкорона дар Ховари Миёна айбдор мекунад, вале Эрон ин иттиҳомотро рад карда мегӯяд, ки фаъолияти барномаи ҳастаиаш ҳадафҳои сулҳомез дорад.