Нишасти Ситоди нерӯгоҳи "Роғун" бо ширкати Қоҳир Расулзода

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон субҳи 16-уми май барои баргузор намудани нишасти Ситоди неругоҳи обию барқии Роғун, ба маҳалли нерӯгоҳ рафтааст.

Мақомот мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир сатҳи оби обанбор ба дараҷаи даркорӣ расидааст ва чархае, ки гуфта мешуд, "ба хотири таъмир ва санҷиш" ва ҳам таҳқиқи "обгузарондӣ"-и сарбанд бозистода буд, ба ҳаракати озмоишӣ дароварда шуд. Тибқи барнома, ин амалиёт мебоист то 31-уми март ҷараён мегирифт, аммо гуфта шуд, тармим тӯл кашидааст. Ин ҳолат сабаби қатъи барқ дар чандин минтақаи кишвар гардида буд.

Намояндаи матбуотии неругоҳи Роғун рӯзи панҷшанбеи 16-уми май бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷаласаи ситод таҳти раёсати Қоҳир Расулзода дар нимаи аввали ҳамин рӯз баргузор гашт. "То шурӯи нишасти ситод, нахуствазир Расулзода бо вазъи обанбор ва агрегатҳо ошно шуда, бо масъулони бахшҳои он суҳбат кард",-афзуд манбаъ.

Дафтари матбуоти нерӯгоҳи Роғун мегӯяд, бо шурӯи обгирӣ сатҳи оби обанбор ба нишонаи зарурӣ баробар шудааст ва ҳеҷ мушкиле ҳам дар сарбанд вуҷуд надорад.

Намояндагони ширкати итолиёвии "Имперҷилио Салинӣ" гуфтанд, ки мизони оби обанбор аз сатҳи баҳр ба 1 ҳазору 20 метр ва сатҳи оби обанбор то ба 60 метр расида, чарха ба ҳаркати озмоишӣ дароварда шудааст. Намояндаи ин ширкати итолиёвӣ гуфт, тайи як ҳафтае, ки чарха ба ҳолати озмоишӣ дароварда шуд, ҳеҷ мушкиле пеш наёмадааст.

Мақомоти нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар миёнаҳои моҳи апрели соли равон хабари оғози дубораи обгирии анборро тасдиқ карда ва гуфта буданд, ки баъди анҷоми пурраи таъмир ва санҷиши комили чархаи аввали нерӯгоҳ, баландии об то ба 60 метр бардошта шуда, чархаи аввал дубора ба кор андохта хоҳад шуд.

Ду чархаи нахустини Роғун ба таври муваққат насб шудаанд ва мувофиқи нақша қарор аст то соли 2021 барқ истеҳсол кунанд ва баъдан иваз карда шаванд. Чархаи якуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун рӯзи 16-уми ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд.

Нерӯгоҳи Роғун 6 чарха хоҳад дошт ва дар сурати пурра ба кор даромаданаш, солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои содир кардан ба Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд.