Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Душанбе ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон бо арзиши 100 ҳазор доллар таҷҳизоти ташхиси санад тақдим кард. Дар ин маросим дар рӯзи 15-уми май Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ ҳузур дошт.
Сафорати Амрико бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод, ки тақдими таҷҳизот бахше аз барномаи 500 ҳазор долларӣ аст, ки Амрико барои тақвияти ҳамкориҳои неруҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон амалӣ мекунад.
Ба гуфтаи сафорат бар илова ҳукумати Амрико ҳамин моҳ ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон барои посбонии сарҳадҳои кишвар бо арзиши 300 ҳазор доллар васоили мухобирот ва нақлиёт тақдим мекунад. Сафорат гуфтааст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯмак барои таъмини истиқлол ва амнияти Тоҷикистонро идома хоҳад дод.
Мардуми Амрико аз соли 1992 то кунун барои иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маориф ва мусоидат ба демократия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 800 миллион доллар кӯмак кардаанд.