Таркиши газ ду нафарро дар Ростови Русия кушт

Моҳи январ дар натиҷаи таркиши газ дар Ростов 5 нафар ҳалок шуд.

Баъди таркиши газ дар як хона дар вилояти Ростов, ки як мард ва як кудакро кушт, мақомоти Русия дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Таркиш дар бинои истиқоматие дар ноҳияи Каменски ба вуқуъ пайвастааст ва дар натиҷа чанд хонаи дигар вайрон шудаанд. Мақомот гуфтаанд, мумкин аст, бино фӯру равад.

Ду нафари дигар дар натиҷаи фалокат осеб дидаанд ва дар шифохона муолиҷа мегиранд. Мақомот мегӯянд, мумкин аст, таркиш ба сабаби беэҳтиётӣ сурат гирифта бошад. Моҳи январи имсол дар натиҷаи таркиши газ дар як бино дар Ростов 5 нафар ба ҳалокат расиданд.