Ровии шинохтаи телевизионро дар Афғонистон куштаанд

Мино Мангал

Мино Мангал, як ровии машҳури телевизионро дар Афғонистон куштаанд.

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, гуфт, ки ҳодиса 11 май дар ноҳияи ҳаштуми Кобул рух дод.

Мангал беш аз даҳ сол ба ҳайси ровии телевизиони "Тулӯъ" ва хабарнигори телевизиони "Шамшод" кор кардааст.

Вай дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳуқуқи занони Афғонистон баҳс мекард ва барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарони афғон талош дошт. Мино Мангал чанде пеш мушовири фарҳангии Вулуси Ҷиргаи Афғонистон интихоб шуда буд.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, ки ҳамлаварон баъди тирпаронӣ ба Мангал аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд. Ӯ гуфт, пулиси вижа қатли хабарнигорро таҳқиқ мекунад.

Касе ё гуруҳе масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Раҳбарони Толибони Афғонистон дар нишасти ахири сулҳ бо музокиракунандагони Амрико гуфтаанд, ки монеи таҳсили духтарон ва кори занон намешаванд.

Аммо фаъолони ҳуқуқи занон дар Афғонистон ба ин изҳорот бисёр бо шубҳа менигаранд. Онҳо дар ташвишанд, ки созиши сулҳ бо Толибон метавонад таъқиботи даврони ҳукумати Толибонро дубора ба Афғонистон баргардонад.