Сафири Тоҷикистон дар Ҷопон аз қабри Риҳард Зорге, як ҷосуси Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷопон зиёрат карда, рӯйи он гул гузоштааст. Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҷопон, рӯзи 9-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин анъана аст, ки сафирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷамъ омада, хотири қурбониёни ҷангро пос медоранд."
Дар маросими зиёрат аз қабри Риҳард Зорге сафири Узбекистону Қирғизистон, Аманистону Қазоқистон ва Беларусу Русия низ иштирок кардаанд.
Ин маросим ба хотири 74-умин солгарди анҷоми Ҷанги дуввми ҷаҳон ва гиромидошти қурбониёни он сурат гирифт. Риҳард Зорге, ҷосуси Иттиҳоди шӯравӣ дар Ҷопон, аз аввалинҳо шуда, аз нияти Олмон ҷиҳати ҳамла ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва санаи дақиқи он ба мақомот хабар дода буд.
Таърихнигорон мегӯянд, он замон Сталин ба ин иттилои ҷосуси Шӯравӣ бовар накард. Ӯ бо номи мустаори “Рамзай” ва “Инсон” дар Ҷопон зери ниқоби хабарнигор фаъолият мебурд.
Яке дигар иттилои махфие, ки Зорге ба Иттиҳоди Шӯравӣ тавонист фиристад, ин буд, ки “Ҷопон нияти ҳамла ба Иттиҳоди Шӯравиро надорад”. Бар асоси ин иттилоъ, Артиши сурх бахши аъзами нерӯҳояшро аз Шарқи Дур ба Маскав овард ва дар натиҷа артиши Олмонро дар наздикиҳои Маскав шикаст дод.
Моҳи октбяри соли 1941 фаъолияти ҷосусии Зорге аз сӯи хадамоти истихбороти Ҷопон кашф шуд ва пас аз се сол - 7-уми ноябри соли 1944 ӯро дар зиндони Сугамо ба дор овехтанд.
Заҳматҳои Зоргеро ҳукумати Шӯравӣ танҳо соли 1964 эътироф ва қадрдонӣ карда, дар ҷои қабраш дар Ҷопон санге гузошт.